БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз муҳтавои суханрониҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли ҷомеаи кишвар рӯҳбаланд гардидаанд

ШАҲРИТУЗ. Бо иштироки намояндагони Кумитаи ичроияи ХХДТ дар вилояти Хатлон Шомуродзода Саидаъзам, Ғафурзода Давлатҷон, Расулов Толиб ва Дилафрӯзи Абдулло дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Шаҳритуз дар  ҷамоати деҳоти ба номи  Х. Холматов бо аҳли ҷамоатчигӣ  вохӯрӣ баргузор гардида,  ҳамзамон дар маҳаллаи Чоршанбе ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи "Рафоқат " таъсис дода шуд.

Баъдан масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиёни кишвар, ки санаи 12 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид  суханронӣ намуда, дар ин ираванд  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  баррасӣ карда шуданд.  

Ҳамзамон аз ҷониби иштирокчиён нисбати дастгириҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муазамми ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳорӣ миннатдорӣ ва шукургузорӣ аз Ваҳдату Истиқлоли кишвар баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg