БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЪОЛНОКИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД ДАР АРАФАИ ИНТИХОБОТ КАФОЛАТИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Вобаста ба нақшаи тасдиқгардидаи гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар деҳаю маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб барои дар сатҳи баланд гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хонишҳои сиёсӣ аз ҷониби аъзои гурӯҳи таблиғотӣ бо маром идома доранд.

Хониши сиёсӣ бо иштироки сокинони маҳаллаҳои Корвонгузар, Қ.Зардак, Роҳи оҳан, Тамошотеппа ва Содиқов аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмуъмин гузаронида шуд.

Дар мулоқот вобаста ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зери шиори “Барои рушди босуботи иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” таҳия гардидааст, суханронӣ карда шуд. Дар охир иштирокчиёнро даъват ба амал оварданд, ки дар муҳимтарин маъракаи сиёсӣ, яъне интихобот ширкат варзида, райъи худро ба номзади арзанда диҳанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg