БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардум интизори мулоқоту суҳбатҳои судманданд мебошанд

ХОВАЛИНГ. Сокинони деҳаи Дараи Мухтори ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг  ба ҷамъомади ҳизби бо масъулият омода буданд. Онҳо хеле бодиққатона ва бо таваҷҷуҳ баромади раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Сафар Халилов ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Амирзода Аловуддинро шуниданд.

Аҳли толор баъди шунидани суханрониҳои судманд оид ба дастуру супоришҳои аз Паём бароянда, хатари ба ҷомеа доштаи терроризм ва ифротгароии хушунатомез, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва пардохти маблағи барқи истифодашуда, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тарбияи дурусти фарзандон, риояи қонунҳои миллӣ, истифодаи мақсаднок аз технологияи муосир, риояи фарҳанги миллӣ суханронӣ намуданд.

Дар охир барои роҳандозӣ намудани сиёсати давлату Ҳукумат, Президенти кишвар ва ҲХДТ бо пешниҳод бо номи Дараи Мухтор дар деҳа ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, Худойдод Рабиев раиси он интихоб карда шуд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg