БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МЕЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ МО ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АСТ!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҳамарӯза гурӯҳи таблиғотиву ташвиқотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоыикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаю маҳаллаҳои ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия  чорабиниҳои ҳизбӣ, мулоқоту вохӯриҳо баргузор гардида истодаанд.

Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим ва сардухтури МСД-2 А. Тағойқулов вохӯрии судманд дар деҳаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Фахробод бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур раисони маҳаллаҳо, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва Ҷамоат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар охири вохӯрӣ аз ҷониби иштирокчиён изҳори миннатдорӣ  нисбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, иброз доштанд, ки рӯзи 11октябри соли равон ҳама якҷоя дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ба ҷонибдории номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg