БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ – ИН ИНТИХОБИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МО МЕБОШАД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид  ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарғиботчиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ  бо сокинони деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Гулистон вохӯрӣ баргузор карданд.

Дар вохӯрӣ қайд карда шуд, ки Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба ин мансаби олии давлатӣ самтҳои асосии рушди Тоҷикистон дар ҳафт соли оянда дар заминаи таҳлилҳо ва ояндабинии илмӣ муайян гардидааст. Интихоби Президент тавассути интихобот яке аз пояҳои асосии давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, аз меъёрҳои асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ки таъминкунандаи ҳуқуқҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад.

Аз ин рӯ, шаҳрвандони ҷумҳуриро зарур аст, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, мавқеи худро дар интихоби Сарвари давлат муайян созанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg