БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ПОЙДОРИИ СУЛҲУ ОРОМИИ ИН КИШВАР БО ИНТИХОБИ ДУРУСТ САҲМИ ХУДРО МЕГУЗОРЕМ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тарғиботчиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони ташкилоти ибтидоии  “Таъминоти бехатарии озуқаворӣ” вохӯрӣ доир намуданд.

Дар чорабинии мақсаднок тарғиботчиён Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ - ро шарҳу тавзеҳ дода, қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ба ҳам овардани халқи парешонгашта ва баланд бардоштани нуфузу эътибори миллати тамаддунофари мо дар арсаи байналхалқӣ талошҳои зиёд карданд ва мо шаҳрвандонро зарур аст, ба қадри ин хизматҳои Пешвои миллат расида, дар рӯзи интихобот ба номзади арзандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон овоз диҳем.

Ҳамзамон, кормандони ташкилоти номбурда иброз намуданд, ки мо ба қадри заҳматҳои кашидаи Пешвои миллат мерасем ва рӯзи интихобот ба номзади арзандаи худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бечуну чаро якдилона овоз медиҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg