БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУАРРИФИИ БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД БА ҶАВОНОН

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштирок аъзои гурӯҳи тағиботии шаҳрӣ Рустамзода Муқаддас, Нурализода Наргис ва Асадуллозода Ватан вохӯрӣ бо ҷавонон дар доираи муаррифии Барномаи  пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.

Нахуст Нурализода Наргис доир ба моҳияти баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, гуфт, ки интихобот яке аз рукнҳои асосии ҷомеаи демократӣ ба ҳисоб меравад.

Сипас, Асадуллозода Ватан Барномаи пешазинтихоботии  номзад ба масаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷавонон муаррифӣ карда,  гуфт, ки дар Барномаи пешазинтихоботии  номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ соҳаи маориф яке аз бахшҳои асосӣ ва меҳварӣ буда, дар ҳафти соли оянда барои рушду пешрафти ин соҳа тадбирҳои зиёд амалӣ карда мешаванд. Дар ин самт ислоҳотро идома дода, барои баланд бардоштан  сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таълим, ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим, фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои таълимӣ  ва рушди зеҳнии кӯдакон дар деҳоти кишвар чораҳо андешида, барои амалӣ намудани нақша- чорабиниҳо  доир ба татбиқи “Бистсолаи рушд ва омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ барои олҳои 2020-2040” кӯшиш ба харҷ дода мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg