
Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мулоқоти навбатии гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо интихобкунандагон дар маҳаллаи Янгиободи Ҷамоати деҳоти Фрунзе баргузор шуд.
Алиев Зафар корманди ҳизбӣ дар оғоз ҳозиринро бо қарори Анҷумани ҲХДТ дар бораи ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намудани номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинос карда, афзуд, ки дар солҳои истиқлоли кишвар бо раҳнамоии Пешвои миллат Тоҷикистон ба дастовардҳое ноил шуд, ки ҳоло мо аз онҳо бо ифтихор ёд мекунем. Таъмини сулҳу салоҳ дар ҷомеа, бунёдгузорӣ ба давлатдории навини тоҷикон, эътирофи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, эъмори даҳҳо иншооти бузург, муҳимтар аз ин ба маротиб баланд рафтани сатҳи зиндагии мардум аз ҷумлаи онҳо мебошад.