
Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар кӯчаи ба номи Синои Ҷамоати шаҳраки Балх бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Содиқова Меҳрубону вохӯрӣ бо интихобкунандагон роҳандозӣ гардид.
Содиқова Меҳрубону иброз дошт, ки интихобот ифодаи олии ҳокимияти халқ ба ҳисоб рафта, ҳар шаҳрванд вазифадор аст, ки дар маъракаи муҳиммӣ сиёсӣ фаъолона ширкат намояд ва барои ободу шукуфоии Ватан саҳми худро гузорад.