БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОЛОНТЁРОНИ ҲИЗБӢ: ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ СОКИНОН ДАР ИНТИХОБОТ ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИСТ

ВИЛОЯТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо мақсади гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи шаффофу демократӣ дар Кумитаи иҷроияи вилоятӣ бо аъзои маҳфили “Волонтёрони ҳизбӣ” мизи мудаввар доир намуданд.

Дар чорабинӣ роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Наврӯз ва мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон Асроров Саидшо иштирок намуда, вобаста ба муҳимияти иштирок дар интихобот суханрониҳо намуданд. Аъзои маҳфил дар чорабинӣ вобаста ба “Таърихи интихобот”, “Ҷавонон, интихобот ва манфиатҳои миллӣ”, “Иштироки шаҳрвандон дар интихобот” ва “Саҳми ман дар интихобот” баромадҳо карда, барои гузаронидани интихобот бо роҳи шаффофу демократӣ ибрози ақида намуданд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар, аъзои худ ва онҳое, ки ҳар пораи хоки Ватан барояшон азизу мукаддас аст, даъват менамояд, ки  ҳамроҳи мо бошанд, афкори сиёсии ҳизби моро дастгирӣ намоянд ва муҳимтар аз ҳама барои бунёди давлати демократии муқтадир, тавоно ва шукуфони Тоҷикистони маҳбуб бо овози худ дар интихобот ҳиссагузор бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg