БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Суҳбат астрофи оқибатҳои ногувору нангини амалҳои коррупсионӣ миёни кормандони соҳаи тандурустӣ

КӮЛОБ. Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва амалҳои коррупсионӣ аз самтҳои муҳимми фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Бо ҳамин мақсад дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Таваллудхонаи шаҳрӣ” бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мулоқот баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Таваллудхонаи шаҳрӣ” Гадиева Ҳалима дар рафти мулоқот иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни баёни андеша Валиева Саъбагул қайд кард, ки анҷом додани амалҳои коррупсионӣ ба раванди рушди устувори давлат таъсири манфӣ мерасонад ва пеш аз ҳама костагардонии эътимоду боварии мардумро нисбат ба давлату Ҳукумат ва ҲХДТ ба миён меорад.

Мавсуф дар ин росто таъкид дошт, ки барои пешгирӣ кардани амалҳои номатлуб моро лозим аст, ки сифатҳои неки инсонӣ, аз қабили поквиҷдонӣ ва садоқат ба кору меҳнатро дар замири ҳар як аъзои ҳизб ҷой кунем ва риояи интизоми кор ва муносибат бо одамонро таъмин намоем.

Дар фарҷом шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ба аъзои нави ҲХДТ дар фазои тантанавӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg