БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон- ҳизби раҳнамо ва раҳкушои миллат

ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён оид ба баррасии муҳтавои мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷомеаи кишвар, ки рӯзи 12 майи соли ҷорӣ доир гардид,   дар боғи хоҷагии деҳқонии “Муҳаммадалӣ”-и ҷамоати деҳоти Заркамар бо сокинон вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур аъзои хоҷагии деҳқонии “Муҳаммадалӣ”,  собиқадорони меҳнат, занони хонашин ва ҷавонон иштирок намуданд.

Дар вохӯрӣ   мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳия Ваҳобиддин Абдуллоев дар бораи таърих ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, оид ба тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, оид ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, андешарони кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg