БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАМОИШИ НАМОЯНДАГИИ ТҶҶ "СОЗАНДАГОНИ ВАТАН" ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Бобоев Беҳрӯз ва мутахассиси ин шуъба Асроров Саидшо, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Назаров Ҳотамшо, кормандони масъули ҳизбӣ , аъзои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" -и шаҳри Кӯлоб ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Дар ҳамоиши мазкур масъулин вобаста ба маъракаи муҳимми сиёсӣ, яъне интихоботи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои 7 соли аз интихобот то интихобот, Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин доир ба дастоварду пешравиҳои мамлакат дар соҳаҳои муҳим бахусус, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, иқтисодиву энергетикӣ ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим суханронӣ намуданд. Дар охир аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо  Сипосномаи ҳизбӣ қадрдонӣ гардиданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg