ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Бо мақсади баррасии Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Парчасойи Ҷамоати деҳоти Обшорон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби баромадкунандагон таъкид гардид, ки халқи Тоҷикистон дар пешорӯи хеш боз як маъракаи бисёр ҳам муҳим ва таърихӣ, ин ҳам бошад маъракаи интихоботи Президенти Тоҷикистон аз интихоби дурусти мову шумо ҳафт соли ояндаи кишвар бозгӯ аст.
Аз ин рӯ иштироки ҳар як сокини кишвар дар интихобот ҳатмӣ мебошад, зеро ки аз интихоби дурусти мо ояндаи миллату давлат вобастагӣ дорад.