ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо интихобкунандагони деҳаи Фатҳободи Ҷамоати деҳоти "Панҷ" атрофи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон.
Аъзои гурӯҳи тарғиботӣ дар рафти вохӯрӣ атрофи Барномаи мазкур муфассал суханронӣ намуда, аз хизматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешрафту тараққиёти Тоҷикистон ёдовар шуда, аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки овози ҳар яки мо дар рӯзи интихобот ҳалкунанда буда, мо ҳамчун шаҳрванди асили ин диёр барои боз ҳам ободу зеботар шудани ин сарзамини аҷдодӣ ва таъмини зиндагии босаодат ба номзади арзанда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳем.