ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи тарғиботии ноҳиявӣ бо интихобкунандагони деҳаи Сари пулӣ Ҷамоати деҳоти Панҷ ҷиҳати тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон, самтҳо, ҳадафҳо ва пешрафти кишвар аз интихобот то интихобот вохӯрӣ баргузор карданд.
Аъзои гурӯҳи тарғиботӣ зимни баромадҳои хеш атрофи Барномаи мазкур муфассал суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳамаи дастоварду пешравиҳо пеш аз ҳама тавассути иҷрои консепсия, стратегия ва барномаҳои мушаххаси давлатӣ, хусусан амалишавии Барномаи пешазинтихоботии номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегарданд.