ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи нақшаи корӣ гурӯҳи тарғиботии ноҳиявӣ бо роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳасанзода Тағоймурод вобаста ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ бо интихобкунандагони деҳаҳои Ҳаёти нав ва Сайдалӣ Вализода вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъулин доир ба муҳтавои Барномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ барои солҳои 2021-2027 муфассал суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ шарики фаъоли дигаргунсозиҳои сохтори давлатӣ ва шакли идоракунии ҷомеаи муосири Тоҷикистон мебошад, ки дар раванди маъракаҳои сиёсӣ собит месозанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизби бонуфуз ва шинохташуда дар тамоми қаламрави кишвар маҳсуб буда, бо ҷонибдорони худ як қувваи бузургро ташкил медиҳад.
Бо дар назардошти ин дар раванди баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо ҳизбиён масъулияти баланди касбӣ нишон дода, дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ баргузор гаштани он ва ба ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ ва номзади арзандаи он ноил гаштан ҳар як шаҳрванди худогоҳ мавқеи сиёсии худро нишон диҳад.