ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Тибқи нақшаи корӣ аъзои гурӯҳи таблиғотии ноҳиявӣ Бахтдавлатова Гулбаҳор бо интихобкунандагони деҳаи Себзори Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ вобаста ба Барномаи пешазинтихоботии номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор намуданд.
Мавсуф зимни баромади хеш бо интихобкунандагон иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатиро дар солҳои 2013-2020 ба тарзу услубе роҳандозӣ намуд, ки кори пурсамари тамоми сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ таъмин гардида, барои ҳар сокини мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё гардид.
Дар интиҳо даъват ба амал оварда шуд, ки рӯзи интихобот фаъолона иштирок намуда, барои рушди босуботу ҷомеаи ободи кишвар якдилона ба тарафдории номзади арзанда овоз диҳанд.