БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиҳои лаънатӣ ва гумроҳони Гуруҳи 24 ҳашароти зараррасонанд

ВОКУНИШ. Устоди бузурги мо тоҷикон ва яке аз шахсиятҳои барҷастаи миллати мо Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-и бузурги худ таъкид намудааст, ки мисли Рустами Дастон ва Коваи оҳангари диловар Ватану миллати хешро дӯст доред ва барои ҳимояи ҳар ваҷаб хоки он ҳамеша омода бошед. Ҳамду сано бод ба ҳамон фарзандони фарзонаи миллат, ки имрӯзҳо бо ҷаҳду талошҳои онҳо мо соҳибватан ҳастем, моро ҳамчун миллати тамаддунофар дар арсаи байналмилалӣ мешиносанд ва эътироф мекунанд.

Мутаасифона, баъзе аз шахсоне ҳастанд, ки дур аз асолати хеш монда, бо ҷаҳонбинии тангу торикӣ худ пешравиҳо ва муваффақиятҳои Ватанро нодидагирӣ карда ва сангҳои хоинонаи худро ба сӯи миллат худ мепартоянд.

Инҳо боқимондаи насли Заҳҳоки морон, афроде ҳастанд, ки пайваста мехоҳад ҷаҳон пур аз зулмот бошад ва хусусан бо андешаҳои муғризона насли ҷавонро мағзшӯӣ карда, бо роҳи ҷаҳолату хиёнаткорӣ барад.

Имрӯз терроризм ва экстремизм хусусияти ҷаҳонӣ пайдо кардааст, ки ваҳшонияту даҳшатро бар болои инсонҳои дунё оварда истодааст. Ҳамарӯза амалиётҳои гуногуни онҳо дар минтақаҳои гуногуни олам ва садҳо таркишҳову ҳазорон ҳазор қурбонии ин таркишҳо далели гуфтаҳои боло мебошад. Ба ҳамин монанд гурӯҳҳои иғвоангез ТЭТ ҲНИТ, Гуруҳи – 24 ва ё “Озодандешон”-и “Бадандеш”, ки худ боқимонда аз насли Заҳҳок ҳастанд, пайдо шудаву мо миллати тоҷикро, ки борҳо ба мардуми дунё тамаддун нишон додаем ва сагони ин гурӯҳҳо нону намаки ин Ватанро хурдаву сангҳои хиёнатро сӯи миллати хеш партофтаву ҳоло мехоҳанд моро ба раҳгумзадагиву хиёнаткорӣ кашанд. Саг гуфтам дар ин ҳол, ки устод Орзу Ҳамидиён муовини ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар мақолаи хеш “АНҶУМНИ САГОНИ ВАФОДОР” ба маврид гуфтаанд: “Миёни мардуми мо низ дар бораи саг масалу мақолҳои зиёде ҳаст. Якеаш ин аст, ки: “Саги бад аз пойи соҳибаш мегазад!”-ро мехостам ёдовар шавам, ки мақсади аслии ин сагсифатонро дигарон низ фаҳманд.

Мақсади ин гурӯҳҳои ифротӣ халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, бедор сохтани тарсу ваҳм дар одамон, ҷангу куштор, ба воҳима ва таҳлуқа овардани аҳолӣ дигар чизе нест ва аъзои ТЭТ ҲНИТ, Гуруҳи 24 ва ё “Озодандешон”-и “Бадандеш” ташвиш накашед, мо тоҷикон инро аз таҷрибаи талхи худ медонем, ки ҷанг ба чӣ оқибати даҳшатнок оварда мерасонад.

Дар ин матлаб ман вожаи “Мо тоҷикон”-ро истифода бурдам, дар айни замон, аъзои ин гурӯҳҳо бисёр роҳгуму торикдиланд ва агар ба рафторашон назар афканем, шармамон меояд, ки онҳо бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд ва бо рафтору кирдори ҷоҳилонаашон миллати тамаддунофари тоҷикро дар хиҷолат мегузоранд. Барои онҳо арзишу муқаддасот вуҷуд надорад – на давлату миллат, на падару модар ва на дину имон. Яъне онҳо гарчанде бо забони тоҷикӣ ҳарф зананд ҳам вале аз “Табори тоҷик” нестанд ва агар мебуданд хиёнат ба Ватану миллат намекарданд.

Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, бевосита дар мақсадҳои шуми онҳо ва дар фаъолияти зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик мешавад. Яъне, ин шаҳрвандон барои аз байн бурдану нобуд сохтани давлату миллати худ ва амалӣ шудани мақсадҳои Аҳремании онҳо ба онҳо ёрӣ мерасонад. Дар муқобили давлати худ, бар зидди Ватани худ ва дар душманӣ бо миллати худ қарор мегирад. Ҳамин тавр, ӯ хоини ватану миллати хеш ба ҳисоб меравад. Ин аст ҳадафи ниҳоии онҳо!

Тавре медонем, ин гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ чандин ҷавони ноогоҳ аз таъриху фарҳанги хешро ба доми фиребҳои худ кашиданд, чунин ҷавонон бошад, аз дур истодаву нисбат ба Ватани аҷдодии худ ва миллат таҳқиру носозгӯӣ мекунанд. Дар ҳамин радиф як ҷавони дигар ба мисли Собиршо Ҳасанов, мусоҳиба ва хотираи талхи бархурдаш бо аъзои ТЭТ ҲНИТ ва Гурӯҳи 24 дар шумораи (298) нашрияи “Ҳамрози халқ” аз АМИТ “Ховар” бознашр шудааст, ҳатто ҷони худро ба хатар мегузоранду ба онҳо ҳамроҳ намешаванд. Ё ин ки чунин бадхоҳон дар симои ТЭТ ҲНИТ моҳи сентябри соли 2015 кӯшиш карданд, ки дигарбора сенарияи солҳои навадуми асри гузаштаро дар Тоҷикистон такрор кунанд. Агар ба дафтари аъмоли аъзои ТЭТ ҲНИТ дар давраи солҳои баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҳамин ҷанг маҳз бо айби онҳо ва аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳи онҳо ташкил шуд, назар афканем, ҳатто дар замони осоишта, ки давлат тамоми шароитро барои фаъолияти сиёсии онҳо фароҳам оварда буд, аз хоҷагони хориҷии пешини худ на танҳо рӯ нагардонданд, балки хоҷагони наву маблағгузорони нав ёфта, ба арзиҳои давлатдории мо хиёнат карданд. Ба ҳамин гурӯҳҳо монанд боз як Анҷумани “Озодандешон” зери парда ба ҷуз “Бадандеш”-и дигар чизе нест пайдо шудаву бо оинномаву изҳороташон гӯё моро озоандешӣ нишон додаву ба ин восита нақшаву ниятҳои нопоки хоҷагони хориҷиашонро амалӣ намоянд.

Ҳамаи ин саргузаштҳо барои мо тоҷикон сабақи хубе ҳастанд, то аз лиҳози сиёсӣ ҳушёру зирак буда, барои мубориза бурдан баҳри устувории сулҳу субот ҳамеша омодагӣ дошта, ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ намешавем. Аз ҳаёти дарбадариву сарсонӣ ва ҳамчун хоин ном баровардан садҳо бор безорем.

Дунё ба таҳавулоти азим дучор шуда, сиёсати ҷаҳони куллан дигаргун гардид ва инсоният дар асри ХХI вориди ҳамигуна шароиту тағйиротҳо гардид. Аз ин рӯ шаҳрвандонро муҳимму зарур аст, ки дар замони ҷаҳонишавӣ мақсаду мароми гурӯҳҳои тафриқангезро пурра дарк карда, аз рафтору амалӣ онҳо огоҳ бошанд.

Фирӯзи САИДМӮЪМИН, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб – узви ТҶҶ “Созандагони Ватан”

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg