
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ва аъзои зергурӯҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Фирӯза дар деҳаи Орзу бо усули «хона ба хона» бо фарогирии интихобкунандагон суҳбату вохӯриҳо оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карданд.
Аъзои гурӯҳи тарғиботӣ ва ҳамчунин зергурӯҳҳо ба интихобкунандагон иттиллоъ доданд, ки, иштирок дар интихобот ҷузъи таркибии ҳуқуқи конститутсионии шахс буда, интихоби дурусти мо омили рушди ояндаи дурахшони кишварамон ва зиндагии шоистаи мардум мебошад.
Инчунин, дар идома дастовардҳои кишвар дар ҳафт соли сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо рақамҳои мушаххас оварда шуда, гуфтанд, ки ояндаи ободи кишвар ва пешрафтту шукуфоии Ватан аз ҳар шаҳрванди бомасъулияту ватандӯст вобастагии амиқ дошта, моро мебояд дар рӯзи интихобот фаъолона ширкат карда, ба номзади арзандаи ҲХДТ раъй диҳем.