
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон собиқадори ҳизб Ализода Аҳмадҷон бо мақсади баргузор намудани суҳбату мулоқот бо интихобкунандагони ноҳияи Носири Хусрав бо сокинони деҳаи Сангоба мулоқот баргузор гардид.
Ализода Аҳмадҷон собиқадори ҳизб дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир таҳти сарварии Пешвои миллат номзад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирин фаҳмонида, вобаста ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани руҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона иштирок намудан дар маъракаи интихоботӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, террористӣ ва экстремистӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, сафарбар намудани сокинон ба корҳои ободонию созандагӣ таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи интихобот андешаронӣ намуда, хамагонро барои ояндаи босаодати икшвар ҳидоят карданд.