БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲИ ДУРУСТИ ОЯНДАИ ХЕШ ДАР ДАСТИ ХУДИ МОСТ!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон  дар якҷоягӣ бо гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроия оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаю маҳаллаҳои ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия  вохӯриву мулоқот бо ишнтихобкунандагони гузаронида истодаанд.

Чунин вохӯрии пурмуҳтаво дар деҳаи Сабзазори Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод баргузор гардида, дар он аъзои гурӯҳи таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба номзад ба мансаби Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикисттон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҲХДТ  ва Барномаи пешазинтихоботии он баромад карда, гуфтанд, ки воқеан ҳам барои мо миллати тоҷик боиси ифтихору сарфарозист, ки    муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбарӣ гардиданд ва мо мардуми соҳибиқболу шарафмандро зарур аст, ки ба қадри ҳар заҳмату  меҳнати ин марди хирадманд расида,  барои ояндаи дурахшони Ватан ва зиндагии арзандаи  худ ба номзади арзандаи ҲХДТ дар рӯзи интихобот овоз диҳем.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg