БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲИ ДУРУСТИ ОЯНДАИ ХЕШРО ИНТИХОБ МЕНАМОЕМ!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҳамарӯза гурӯҳи таблиғотиву ташвиқотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон дар деҳаю маҳаллаҳои ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, аз ҷумла   дар деҳаи Челониҳои Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон,  раисони маҳаллаҳо, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва корманди ҷамоати номбурда  иштирок ва суханронӣ  намуданд.

Дар охири вохӯрӣ аз ҷониби иштирокчиён изҳори миннатдори нисбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон мебошад, иброз доштанд, ки рӯзи 11октябри соли равон ҳама якҷоя дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ба ҷонибдории номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон овоз медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg