БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ МАН АСТ!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҳамарӯза бо иштироки  гурӯҳи таблиғотиву ташвиқотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон оид ба муаррифии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаю маҳаллаҳои ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия чорабиниҳои ҳизбӣ баргузор гардида истодааст.

Чунин мулоқоти судманд дар деҳаи  Роҳатии  Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур раисони маҳаллаҳо, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва Ҷамоат иштирок ва суханронӣ карданд. Дар охири вохӯрӣ  аз ҷониби иштирокчиён изҳори миннатдори нисбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баён гардида, онҳо  иброз доштанд, ки рӯзи 11 октябри соли равон ҳама якҷоя дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ба ҷонибдории номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg