
ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо усули “хона ба хона” бо сокинони кӯчаи ба номи Саъдии Ҷамоати шаҳраки Москва вохӯрӣ гузаронида, оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии Барномаи пешазинтихоботии номзади арзанда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҲХДТ суҳбат намуданд.
Зимни вохӯрӣ мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Проштов Сино қайд кард, ки ҳамаи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ маҳз бо шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати давлат ва ҳалли мушкилоти вобаста ба оила ва занон диққати аввалиндараҷа дода, дар 7 соли оянда мақсад дорем, ки ташаббусҳои созандаи ҷавононро дасгирӣ карда, нақши занонро дар ҷомеа боз ҳам баландтар бардошта, оммавигардонии варзишро таъмин намоем.