
ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин, пешгирӣ аз паҳншавии бемории KOVID-19 бо усули “хона ба хона” дар ҳудуди Ҷамоати шаҳрак гардиш доир намуданд.
Зимни суҳбат бо сардорони оилаҳо масъулин иброз доштанд, ки ҳар як шаҳрванд аз синни 18 солагӣ ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан, интихоб кардан, инчунин, аз синни 30 солагӣ ҳуқуқи интихоб шуданро дорад. Иштирок дар интихобот -ин иштирок дар ташкили ояндаи худ аст. Тариқи иштирок дар ин маъракаҳои сиёсӣ мо садоқати худ, дастгирӣ аз сиёсатӣ давлат ва ҷонибдории пешрафти мамлакатро нишон хоҳем дод.