
ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и ноҳияи Фархор Раҳимова Маъмурбӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и Ҷамоати деҳоти Фархор бо хонандагони синфҳои болоӣ дар мавзӯи «Хизмат дар сафи Артиши миллӣ шараф аст» вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар мулоқот мавсуф оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва моҳияти хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар баромад намуда, қайд кард, ки тибқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст”. Чуноне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ таъкид менамоянд;
“Ватандӯстӣ ва амнияти миллӣ асоси сиёсати давлати мо мебошад”.
Дар робита ба ин бояд зикр намуд, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди ҳар як давлати соҳибистиқлол Қувваҳои мусаллаҳаш мебошад. Артиш василаи бузурги мудофиавӣ буда, ҳеҷ як давлат наметавонад бидуни он истиқлолияти комили худро таъмин намояд.