БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТ БО БОНКДОРОН

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ба мақсади шарҳи нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии намзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии “Имон - интернейшнл” мулоқот доир намуданд.

Зимни мулоқот роҳбари гурӯҳи таблиғотӣ Абдулҳақзода Бахтиёр бо иқтибосҳо аз Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ иброз дошт, ки мо барои татбиқи сиёсати иқтисодӣ дар оянда ҳалли масъалаҳои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ барои амалисозии ҳадафи олӣ - баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар, таҳия ва татбиқ намудани ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва барномавии тараққиёти кишвар ва минтақаҳои он, аз ҷумла «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», таҳким бахшидан ба сармояи инсонӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табииӣ кишвар ҳамчун замина барои таъмин намудани гузариш ба модели индустриалии рушд ва баланд бардоштани рақобатнокии иқтисоди миллиро зарур мешуморем.   

        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg