БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА НОМЗАДИ АРЗАНДА РАЙЪИ ХУДРО МЕДИҲЕМ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии “Сафарбоён” кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик аъзои гурӯҳи вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Зуҳрои Маҳмадсаид ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Темурмалик Сайдализода Фаррух бо мақсади иштироки ҳатмии шаҳрвандон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоӣ бо Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID – 19), ободу зебогардонии маҳал, инчунин бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ, захираи маводи ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Дар навбати худ масъулин қайд намуданд, ки иштироки мо дар интихоботи Президенти кишвар ҳатмӣ буда,  ба ин восита қарзи шаҳрвандии худро адо менамоем, ҳамзамон нисбати истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ, пешгирии бемории сироятии коронавирус, захираи маводҳои ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ, ободу зебогардонии маҳал ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳӣ  барои адо намудани қарзи худ дар назди Ватан- Модар ибрози сухан намуданд.

Дар анҷоми суҳбат ба иштирокчиён Муроҷиатномаи ҲХДТ, варақаи иттилоотии пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус, варақаи иттилоотии истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва огоҳиномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои ободу зебо гардонидани маҳал дастрас карда шуд.

   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg