БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истифодаи нодурусти технологияи нави электронӣ хатар дорад!

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанг»  дар мавзӯъи пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун хатар ба амнияти миллӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун  Фарҳод Обидов, мутахассиси шуъбаи Кумитаи иҷроияи Насимахон Ғафурова маҷлиси ҳизбӣ доир гардид.

Дар маҷлис масъулин оид ба масъалаи ба миёнгузошташуда муфассал суханронӣ намуда, зикр карданд, ки нисбати амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиди хафви дохилӣ низ имконияти пайдо шудан дорад. Нерӯҳое, ки зидди сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ҳастанд, дар кишвари мо мавҷуданд. Онҳо аз фазои холии иттилоотии мамлакат моҳирона истифода бурда, маълумоти харобсоз, нобоваронаро паҳн менамоянд.

Васитаҳои ахбори оммаи электронии ҳамсоядавлатҳо дар минтақа босуръат ва пурмаҳсул рушд карда, фазои холии иттилоотии Тоҷикистонро бомуваффақият фаро мегирад.

Аз ин нуқтаи назар ҷаҳонишавии воситаи ахбори омма ва рушди технологияи нави электронӣ (интернет) имрӯз аз тарафи васоити ахбори оммаи хориҷи мушкилоти экспансияи фазои иттилоотии ҷумҳуриро тавлид сохтааст. Чунин вохӯриву мулоқотҳои судманд баҳри  баратаф намудани масъалаҳои ташвишовар  ва огоҳонидани мардум аз хатарҳои ҷаҳони муосир аз ҷониби ҳизбиёни ноҳияи Ҷайҳун идома дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg