БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАҲРИ ОЯНДАИ БОСУБОТИ КИШВАР ОВОЗ МЕДИҲЕМ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаи Ленингради Ҷамоати деҳоти Ҳалевард   оид ба баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Зимни мулоқот Асоев Хизриддин мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгири Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳия вобаста ба рушди устувори иқтисодӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум суханронӣ карда, қайд намуд, ки дастоварду пешравиҳо маҳсули заҳмати софдилонаи халқи азизи Тоҷикистон буда, моро водор месозад, ки дар ояндаи наздик низ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолият кунем ва барои ҳар як сокини мамлакат зиндагии шоиставу беҳтарро муҳайё созем.

Дар фарҷом оид ба риояи гигиенаи шахсӣ, бе заруриат ба кӯча набаромадан ва риоя кардани қоидаҳои беҳдоштӣ  ба ҳар як нафар маслиҳатҳои муфид доданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg