БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСИСТ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ дар самти таблиғу ташвиқи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи тарғиботӣ дар кӯчаи  ба номи Саидови Ҷамоати шаҳраки Балх ташкил намуданд.

Роҳбари зергурӯҳ Саидалиева Саодат дар бораи иштироки мардум дар интихобот ва ҳуқуқи ҳар як шахс марбут ба интихобот суҳбатҳо доир намуда, иштирок дар интихоботро аз ҷониби ҳар як шаҳрванд садоқат ба халқу Ватан ва ҷонибдорӣ аз сиёсати давлату ҳукумат арзёбӣ намуд.

Инчунин, дар вохӯрии мазкур Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ гардида, нишондиҳандаҳои асосӣ ва заҳмату меҳнатҳои номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми фаъолияти кориашон дар солҳои 2013-2020 ва нақшаю тадбирҳои андешидааш барои солҳои минбаъда ба таври возеҳу равшан ба мардум фаҳмонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg