БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН ҶАРАЁН ДОРАД

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар маҳаллаҳои 15-солагии Тоҷикистон ва Фарғона бо сокинон баргузор карданд.

Дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ масъулин сокинонро водор намуданд, ки ин беморӣ бо вуҷуди коҳиш ёфтан вале аз нав сироятёбӣ ба назар мерасад. Аз ҳамин сабаб ҳар як шахс бояд ба саломатии худ ва наздикон беэътиноӣ зоҳир нанамуда, ба тозагӣ ва гигиенаи шахсии худ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Масъулин иштирокчиёнро бо Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои 2020- 2027 шинос намуда, дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, дастовардҳои даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, тарбия намудани ҷавонон бо ахлоқи ҳамидаву эҳсоси баланди ватанпарастиву худогоҳии миллӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg