БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУАРРИФИИ БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲХДТ ДАР МАҲАЛ

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри  тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Ҷавонон” бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ Сайдамир Ғафуров дар ноҳияи Панҷ вохӯрӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Масъулин иштирокчиёнро бо Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои 2020- 2027 шинос намуданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, дастовардҳои даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, тарбия намудани ҷавонон бо ахлоқи ҳамидаву эҳсоси баланди ватанпарастиву худогоҳии миллӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва пешгирии паҳншавии касалии сироятии “COVID-19” суханронӣ карда шуда, сокинон ба амалҳои созанда  ва иштироки фаъолона дар  рӯзи интихобот ҳидоят гардиданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg