БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР РӮЗИ ИНТИХОБОТ БА НОМЗАДИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ОВОЗ МЕДИҲЕМ

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.дар деҳаҳои Даҳана -1 ва Даҳана 2-и Ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак  чиҳати тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон  аз ХХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳр вохӯрӣ доир гардид.  

Зимни вохӯрӣ  аъзои гурӯҳи тарғиботӣ   Фирдавс Ғафурзода мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ оид ба  Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ХХДТ Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум  аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он, иштироки фаъолонаи ҳар як интихобкунанда дар интихобот ва ғайра   баромад намуда,  қайд карданд, ки иштироки ҳар як сокини шаҳр дар интихобот муҳим буда, интихоби дуруст ва номзади арзанда сабаби пешрафт ва оянда дурахшони кишвари азизамон мегардад.

Ҳамзамон қайд гардид, ки заҳмату талошҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки ба ин рӯзҳои нек расидем. Мо дар тӯли солҳои истиқлолият дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил гаштем. Барои иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат, ки аз таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва аз бумбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар иборат мебошанд, қадамҳои устувор гузошта, тадбирҳои мушаххасро амалӣ гардондем. Минбаъд рӯз то рӯз Ватани азизамон пеш рафт, тараққӣ кард, мардумро ба зиндагии беҳтар таъмин намуданд.

Ин шахсияти бузург бо заҳмату талошҳои худ миёни дигар давлатҳои абарқудрат Тоҷикистонро бо дастовардҳои беназираш муаррифӣ намуда, миллати тоҷикро бо фарҳанги волои ниёгон миёни дигар қавму миллатҳо шиносонд ва имрӯз миллати моро дар тамоми ҷаҳон мешиносанду ҳамчун миллати куҳанбунёд эътироф мекунанд.

Дар охир сокинони маҳаллаҳои номбурда  иброз доштанд, ки дар интихобот фаъолона ширкат варзида,  ба номзади арзандаи  миллат овоз медиҳанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg