БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – РОҲНАМО БА ОЯНДАИ БОЗ ҲАМ ДУРАХШОН

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Бо иштироки узви гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо сокинони деҳаи Туғмазори Ҷамоати Деҳоти Дуконии шаҳр   мулоқот баргузор карда шуд.

Зимни баргузории вохӯрӣ аъзои гурӯҳи тарғиботӣ Муслима Ғуриева  иброз дошт, ки боиси ифтихор ва сарбаландии мо - мардуми шарафманди тоҷик аст, ки фарзонафарзанди диёр, абармарди асил ватандӯсту халқпарвар, симои бузурги сиёсат дар арсаи байналмиллалӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ пешбарӣ гардиданд.

Воқеан, адлу инсоф ва дилу нияти пок возеҳан шаҳодат медиҳад, ки ҷоннисориҳо, азхудгузаштанҳо ва фидокориҳои ин абармарди дунёи сиёсат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба хотири ба ҳам овардани халқи парешонгашта, эъмори Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ва баланд бардоштани нуфузу эътибори миллати тамаддунофари мо дар арсаи байналхалқӣ буду ҳаст.

Дар охир сокинони маҳаллаҳои номбурда  иброз доштанд, ки дар интихобот фаъолона ширкат варзида, даст болои қалб гузошта, ба номзади арзандаи миллат  овоз медиҳанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg