БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-ҶОМЕАРО БА РОҲИ СОЗАНДАГӢ ҲИДОЯТ МЕКУНАД

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар шаҳри Норак  бо мақсади тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  ҲХДТ  Эмомалӣ Раҳмон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  ва намояндаи гурӯҳи таблиғотӣ бо сокинони деҳаи  Гирдоби Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак  вохӯрӣ  баргузор намуданд.

Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, вакилони  Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, собиқадорони ҳизбу меҳнат штирок ва суханронӣ намуданд.

Сараввал аъзои гурӯҳи тарғиботӣ  Сатторов Ҳасан суханронӣ намуда, қайд кард, ки номзади пешбаришуда аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон Эмомали Раҳмон арзандатарин номзад мебошад ва дар тӯли   роҳбарии хеш ба миллату давлати худ  бисёр хизматҳои барҷастаро анҷом додааст. Инчунин, қайд гардид, ки  Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дарназардошти дурнамои  ҳафт соли оянда (2021-2027) таҳия шуда, ба ҳалли масъалаҳои  муҳимми ҷомеа, аз ҷумла таъмин намудани рушди устувори  иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ,  истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg