
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои гурӯҳи кории тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон собиқадори ҳизб Ализода Аҳмадҷон Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мақсади баргузор намудани суҳбату мулоқот бо интихобкунандагони ноҳияи Носири Хусрав оид ба тарибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботиии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо сокинони деҳаи ба номи Ҳамро Олимов вохӯрӣ баргузор карданд.
Ализода Аҳмадҷон зимни суҳбат афзуд, ки дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир таҳти сарварии Пешвои миллат ба амал омадааст, мо шаҳрвандон бояд аз ин неъматҳои бузург шукрона карда, ба қадри дастовардҳои ноилгардидаамон расем ва баҳри боз ҳам рушду нуму кардани Ватани азизамон-Тоҷикистони маҳбуб талош варзем.
Инчунин, дигар баромадкунандагон низ дар бораи хизматҳои бесобиқаи Роҳбари давлат дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, рушду пешрафти Ватан ва таъмини зиндагии арзанда ба шаҳрвандон андешаронӣ карда, ҳамагонро барои иштироки фаъолона дар рӯзи интихобот даъват карданд.