
МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Муъминобод, аз ҷумла кӯчаи ба номи А.Партоев мулоқот бо усули “хона ба хона” вобаста ба таблиғу ташвиқи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон ва муаррифии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур аъзои гурӯҳи таблиғотӣ вобаста ба хизматҳои бесобиқаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва моҳияти Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ андешаронӣ карда, интихобкунандагонро ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамоӣ карданд.