БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ВАСИЛАИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИ КИШВАР

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар силсила неругоҳи оби барқии Сарбанд аъзои гурӯҳи кории тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Давлатзода Сайфиддин дар якҷоягӣ бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷафар бо мақсади баргузор намудани суҳбату мулоқот бо интихобкунандагони шаҳри Левакант, бо аҳли ҷамоатчигии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вохӯрӣ доир гардид.

Давлатзода Сайфиддин дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президент аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, қайд намуд, ки санаи 11-уми октябри соли ҷорӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор мегардад, моро мебояд, ки бетарифиро пеша накарда ба номзади арзандае, ки барои  7 соли ояндаи Тоҷикистон фаъолият мекунад, ба участкаи интихоботии худ рафта, овоз диҳем.

Сипас, дар навбати худ Ватанзода Сайҷафар қайд намуд, ки Барномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон дар доираи дигаргуниҳое, ки  солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дарназардошти  дурнамои ҳафт соли оянда (2021-2027) таҳия шуда, ба ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷомеа, аз ҷумла таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона мегардад. Интихобот яке аз падидаҳои муҳими ҳуқуқи конститутсионӣ ва зуҳуроти демократӣ буда, дар ҳар давлат мувофиқи қонунҳо, таҷрибаи бардавоми ташкил ва гузарондани он, ифодаи манфиат ва иродаи ҳокимияти халқ амалӣ мешавад. Аз ҷониби ҳизбҳои мухталифи сиёсӣ пешниҳод гардидани номзадҳо низ гувоҳи озодии сиёсӣ дар кишвар буда, барои ҳар як шаҳрванд имконият фароҳам меоварад, ки ба ин мансаби олии давлатӣ пешбарӣ шавад ё худ озодона номзади худро интихоб намояд. Дар ин маъракаи тақдирсоз набояд касе бетараф бошад, чунки интихоби Президент тақдири як миллатро ҳал мекунад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg