БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ КИШВАР ВА ФАРЗАНДОНИ ХУД ОВОЗ МЕДИҲЕМ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои гурӯҳи кории тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Давлатзода Сайфиддин дар якҷоягӣ бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷафар бо мақсади баргузор намудани суҳбату мулоқот бо интихобкунандагони шаҳри Левакант, аз ҷумла бо аҳли ҷамоатчигии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и шаҳр чорабинии ҳизбӣ баргузор намуданд.

Давлатзода Сайфиддин дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президент аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, қайд намуд, ки барномаи мазкур дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо назардошти дурнамои 7 соли оянда (2021 - 2027) таҳия шуда, ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона мегардад.

Инчунин, мавсуф дар идомаи суҳбат қайд намуд, ки ҳоло дар доираи қонунгузорӣ вобаста ба раванди омодагӣ ва баргузор нмудани интихобот як қатор тадбирҳо амалӣ гашта, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ин чорабинии муҳим корҳои муайян идома доранд. Зеро интихобот дар низоми давлатдории навини мо ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ шинохта шуда, фарогирии тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад. Дар интихобот овоздиҳӣ пинҳони буда, ҳар шаҳрванд ҳуқуқи як овоз дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg