БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРСАБЗИИ ВАТАН ВА ШУКУФОИИ ДИЁРАМОН АЗ ХУДИ МО ВОБАСТА АСТ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тарғиботчиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён оид ба шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон  бо сокинони деҳаҳои Октябри Кабир, Қовунтеппа, Фарҳод ва  Авзалии Ҷамоати шаҳраки Бохтариён вохӯрӣ доир намуданд.

Дар чорабинии мақсаднок тарғиботчиён Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ - ро шарҳу тавзеҳ дода, қайд карданд, ки  воқеан, адлу инсоф ва дилу нияти пок возеҳан шаҳодат медиҳад, ки ҷоннисориҳо, азхудгузаштанҳо ва фидокориҳои ин абармарди дунёи сиёсат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ба ҳам овардани халқи парешонгашта, эъмори Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ва баланд бардоштани нуфузу эътибори миллати тамаддунофари мо дар арсаи байналхалқӣ буду ҳаст ва мо шаҳрвандонро зарур аст, ба қадри ин хизматҳои  Пешвои миллат расида, дар рӯзи интихобот ба номзади арзандаи ҲХДТ овоз диҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg