БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ИФОДАИ ОЛИИ ҲОКИМИЯТИ ХАЛҚ АСТ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади иҷрои  ҷадвали баргузории суҳабту вохӯриҳо бо интихобкунандагон масъулини Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҳамарӯза корҳои тарғиботиро ба роҳ мондаанд.

Чунин як вохӯрӣ бо сокинони  деҳаи Офтоблиқои Ҷамоати деҳоти Зиракӣ  доир карда шуд.

Зимни мулоқот узви гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Муҳаммадҷон Зулфов ва роҳбари ташкилоти ибтидоии “Офтоблиқо”иштирок ва баромад намуданд.

Зимни суҳбат Муҳаммадҷон Зулфов қайд дошт, ки интихобот ифодаи олии ҳокимият халқ буда, рушду нумуи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ аз он вобастагии сахт дорад. Ҳамчунин, аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар маъракаи муҳимми сиёсӣ фаъолона иштирок намоянд.

Иштирокдорон дар навбати хеш баён доштанд, ки номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg