ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомали Раҳмон ва Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Президенти ман -интихоби ман” дар участкаи интихоботии № 21 вохӯрӣ баргузор гардид.
Шарифзода Маҳмадаюб раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён иброз дошт, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизб сарчашма гирифта, вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд.
Таъкид шуд, ки татбиқи дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ ба манфиати ҳар як сокини кишвар буда, дар таъмини зиндагии босаодат ва пешрафту ободии Ватан мусоидат менамоянд.