БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар маҳал сиёсати Пешвои миллат дастгирӣ ёфта, дастовардҳои Истиқлолият ҳимоя мегардад

ХОВАЛИНГ. Дар деҳаи Токаки ҷамоати деҳоти  ба номи Ғаффар Мирзо бо пешниҳоди иштирокдорон  барои роҳандозии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар деҳа бо номи Токак ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд.

Дар ҷамъомад бо пешниҳод, ки он ҳам якдилона дастгирӣ  ёфт, Сабзаев Содиқ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб карда шуд.

Сипас, дар назди ҳозирин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва вазифаҳое, ки аз дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъомади рӯзи 12.05.2018 доиргардида аз  масъалаҳои ҳалталаб бармеояд, суҳбат гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳия Сафар Халилов, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Амирзода Аловиддин ва дигар шахсони масъул баромад намуда, масъалаҳои дар рӯзномаи вохӯрӣ ҷойдоштаро ба онҳо ба таври пурра фаҳмониданд.

Дар вохӯрӣ чанде аз сокинони деҳа суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки сиёсати давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро якдилона дастгирӣ менамоянд ва барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ҳамеша омодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg