ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун вобастта ба муаррифии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон бо интихобкунандагони деҳаи Замини нави Ҷамоати деҳоти Панҷ вохӯрӣ баргузор карданд.
Ҳамчунин, дар рафти вохӯрӣ нафароне, ки бори аввал дар интихобот иштирок менамоянд, иштирок доштанд. Зимнан дар рафти вохӯрӣ масъулин дар бораи масъалаҳои марбут ба интихоботи дарпешистода, фаъолтар шудани ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тунгдгаро берун аз ҳудуди мамлакат ва талоши онҳо баҳри барангехтани иғвову дассиса дар миёни мардум ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз сухан гуфта, онҳоро ба ҳушёрии сиёсӣ, орому осуда нигоҳ доштани фазои ҷомеа ва иштироки фаъолона дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ даъват намуданд.
Бо таассуф изҳор гардид, ки нафарони хиёнаткору манфиатҷӯ кам нестанд, ки ҳар хатогии кӯчакро бо муҳоботи зиёд расонаӣ мекунанд, ки боиси паст шудани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ мегардад. Аз ин рӯ вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст иштироки фаъолона дар интихобот ва саҳм гузоштан дар шаффофияту озодии он мебошад.