БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ПАДИДАИ МУҲИМИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ ВА САРНАВИШТСОЗ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз ҳисоби собиқадорони ҳизб Ҳасани Муродиён ва Хосият Миралиева бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ташриф оварда, бо сокинони Ҷамоати деҳоти Дӯстӣ мулоқоту вохӯрии судманд доир намуданд.

Намояндагони гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизбро роҳбарият ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ҳамроҳӣ намуданд. Дар мулоқоти мазкур собиқадорони ҳизб Ҳасани Муродиён ва Хосият Миралиева дар мавзӯи “Интихобот ҳамчун падидаи муҳими ҷомеаи демократӣ ва сарнавиштсоз” баромад карда, мардумро барои иштироки фаъолона дар интихобот ва интихоби дуруст намудан ба хотири ояндаи дурахшони кишвар даъват намуданд.

Инчунин, намояндагон фаъолияти пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ баён намуда, корнамоиҳо ва қаҳрамониҳои ин марди шарифро барои саҳмгузорӣ дар сулҳу субот ва зиндагии шоистаи мардуми кишвар қайд карданд.

Дар ин раванд Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба саҳми мардум расониданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо эҳтироми самимӣ ва ҷонибдорӣ аз суханони ҳикматомези меҳмонон баромад намуда, мардумро ба якдилию якдигарфаҳмӣ, иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ, даъвати ихтиёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва номзади ҳизб ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуданд.         

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg