ВОСЕЪ. Дар асоси нақшаи кории гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар участкаи интихоботии №50-и деҳаи Саъдуллои Шарифи ҷамоати деҳоти Гулистон вохӯрӣ баргузор гардида, дар он муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Манучеҳри Хуршед мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ноҳия зимни суханронӣ қайд намуд, ки Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеа дар марҳилаи нави рушдро дар бар мегирад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизби бонуфузи кишвар маҳсуб ёфтааст, бо ҷонибдорони худ як қувваи бузургро ташкил медиҳад ва ба сифати ташкилоти сиёсии - ҷамъиятӣ дар тақдири халқи Тоҷикистон нақши муҳимро мебозад.
Дар идома муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мирзоев Сафарали иброз намуд, ки ҳар яки моро зарур аст, ба номзади арзандаи худ овоз дода, баҳри шукуфоии ватани хеш саҳмгузор бошем.