БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ИНТИХОБИ ХУДРО ДОРЕМ, КАБИРӢ, ҒАРАЗГӮИҲОИ ТУВУ ҲАМРОҲОНАТ БАРОЯМОН АРЗИШЕ НАДОРАД

ВОКУНИШ. Баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 11 октябри соли 2020 гузаронида мешавад, дар дили хоинони миллат, роҳбарони  ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати ислом алов андохтааст. Онҳо намедонанд, ки ба кадом роҳ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ халал ворид созанд.  Барои онҳо фарқ надорад, ки баъди дурӯғбофӣ, туҳмат ва ғаразгӯӣ мардум нисбати онҳо чӣ  нафрате баён мекунанд.  Аз ин дида беорӣ, бедидагӣ  берӯи мешавад, ки ба мардуме, ки ҳама чизро мебинанд ва медонанд,  сухани бофтаю сохтаи дурӯғи ғаразноку  фитнангезро бигӯӣ.

Мо хуб медонем, ки ҷойи хӯрдагиҳоятон месӯзад. Мехостед дар ивази маблағгузории хоҷагони хориҷиатон бо дигар кардани мазҳаби аҷдодиамон дар Тоҷикистон давлати исломӣ барпо намоед.   Ин амали хоинонаи шумо наҳзатиҳо имрӯз чун об равшан аст.  Барои амалӣ намудани ин мақсади нопокатон кӯшишҳои зиёд намудед. Вале тут ба чени дили шумо напухт. Тири ба нишон гирифтаатон хок хӯрд. Худо раҳми  мардуми бехонумонгаштаи тоҷикро хӯрду дар он рӯзҳое, ки Тоҷикистон дар ҳолати пора -пора шудан буду миллат дар ҳолати парокандашавӣ фарзанди фарзонаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сари қудрат овард. Ӯ ба ақлу заковати азалӣ ба мардум сулҳ овард, гурезагонро баргардонд, давлати Тоҷикистонро аз сифр бунёд намуд.

Дар он давра, ки барои одамон вазифа не ҷон лозим буд, кӣ   ба ғайр аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дигар ин корро карда метавонист?  Ӯ гарчанде медонист, ки хатарҳои зиёди ҷонӣ  ҷой дорад,  натарсида ин масъулияти душворро ба душ гирифт ва хушбахтона бо сари баланд аз уҳдааш баромад.

Имрӯз Тоҷикистон он Тоҷикистони солҳои навадуми асри гузашта нест. Тавассути сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат кишварамон  симои худро ба куллӣ дигар намудааст. Зиндагии мардум ҳам рӯ ба беҳбудист. Ҳама чиз мерасад.  Бозорҳо пур аз молу  маҳсулот аст. Ба иборае шири мурғ даркор шавад, меёбӣ. Мо аз давлатдории Президентамон сад дар сад розӣ ва қаноатмандем.     Вале он рӯзҳои мудҳиши солҳои навадуми асри гузаштаро  ҳеҷ гоҳ аз ёд намебарорем.  Ҳар гоҳе  он рӯзҳо ба ёд меояд, “Худо дигар он рӯзҳоро нишон надиҳад” -мегӯем.

Баъди бародарро ба бародар душмани якдигар карданатон, баъди бехонумону дарбадар ва аз Ватан гуреза намудани мардум, баъди   ин қадар кушторҳоятон медонед, ки мардум имрӯз ҳам нисбати шумо наҳзатиҳои хоини давлату миллат чӣ қадар нафрат ва чӣ қадар ҳисси бадбинӣ дорад. Агар ту Кабирӣ ва онҳое, ки ба торҳои танидаи ту часпидаанд ва роҳи халосӣ надоранд, амалҳои ҳайвонсифати худро, ки  нисбати   миллати  худ анҷом додед, (ин ташбеҳ ба шумо рост намеояд, зеро он амалҳои мудҳишро ягон ҳайвони даранда нисбати ҳамҷинси худ намекунад)   фаромӯш карда бошед, як бор,   танҳо як бор  филми “Хиёнат”- ро, ки аз тариқи телевизион намоиш  дода  мешавад,  тамошо кунед. Хулоса бароред,  ки баъди анҷоми чунин амалҳои хоинона ҳаққу ҳуқуқ доред, ки дар бораи давлату миллати тоҷик сухан гӯед ва ҳуқуқ доред, ки худро ҳомии миллат эълон намоед?  Мо аз чунин ҳомӣ, ки тинҷию оромӣ мо мардуми азияткашидаи тоҷик  ва  пешрафту тараққиёти Тоҷикистонро намехоҳад,    сад безорем.

Кушоду равшан мегӯем,  мо дар мансаби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоби худро дорем. Интихоби мо -Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мо боварӣ дорем, ки  таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ Тоҷикистон ба як давлати мутараққӣ табдил меёбад, ки дар он барои мардумаш тамоми шароити зисту зиндагӣ фароҳам аст.

Аюб Сангиҳмадов, коршиноси сиёсӣ, аъзои гурӯҳи таҳлилии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg