ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳҳои таблиғотии ноҳиявӣ, дар ташкилоти ибтидоии «Фидокор»-и Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш доир гардид.
Зикр гардид, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади он дар ҳафт соли гузашта пурра иҷро шудааст, ки дилхоҳ шаҳрванд бо чашми сар онро дида метавонад ва Барномаи пешазинтихоботии навбатии он тамоми самтҳои хоҷагии халқ, беҳ гардидани сатҳи зисту зиндагӣ ва дигар масъалаҳои муҳимро дар бар мегирад.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки бо ин Барномаи навбатии пешазинтихоботӣ ояндаи кишварро боз ҳам ободу зебо хоҳад шуд.